Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони МАГАТЭ аз Порчин дидан мекунанд


Муассисаи ҳастаии Порчин
Муассисаи ҳастаии Порчин
Мақомоти Эрон изҳор намуданд, ки ба нозирони Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ иҷозаи вуруд ба муассисаи ҳастаии Порчинро хоҳанд дод. Намояндаи Эрон дар МАГАТЭ гуфт, Теҳрон мехоҳад намоиш диҳад, ки дар ин мавзӯъ асроре мавҷуд нест.

Моҳи гузашта нозирони МАГАТЭ ба Эрон сафар карда буданд ва аммо мақомоти кишвар ба онҳо иҷозаи сафар ба Порчинро надоданд.

ИМА ва Ғарб Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд, Теҳрон дар посух мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш фақат аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG