Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Супер-сешанбе" рақиби Обамаро муайян мекунад


Рақибони ҷумҳурихоҳ ҳини
Рақибони ҷумҳурихоҳ ҳини

Сешанбеи авввали моҳи март дар ИМА ҳамчун “супер-сешанбе” маъруф аст, зеро дар ин рӯз раъйдиҳандагон номзади ҳизби ҷумҳурихоҳро барои сабқати президентии ИМА дар 10 аёлат интихоб мекунанд.

Эҳтимол баъди ҳисоби овозҳои райъдиҳандагон дар супер-сешанбе рақиби президенти ИМА Барак Обама дар интихоботи моҳи ноябр ошкор шавад.

Коршиносони амрикоӣ бовар доранд, ки супер-сешанбе рақиби аслии президенти ин кишвар Барак Обама дар интихоботи президентии моҳи ноябрро муайян хоҳад кард. Рӯзи сешанбе пайравони ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА дар даҳ аёлат: Оҳайо, Ҷорҷия, Массачусетс, Вермонт, Оклаҳома, Теннеси, Айдаҳо, Дакотаи Шимолӣ ва Аляска номзади ин ҳизб барои интихоботи раёсатҷумҳуриро интихоб мекунанд.
Пешбинӣ мешавад, ки аз миёни чор довталаб, Мит Ромнӣ ва Рик Санторум дар шумори бештари иёлот пирӯзӣ ба даст меоранд. Нют Гингрич ва Рон Пол бошад, ба қавли коршиносон дастгирии зиёд нахоҳанд ёфт.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба аёлати Оҳайо ҷалб шудааст, зеро тибқи анъана ягон довталаби курсии президентӣ аз ҳизби ҷумҳурихоҳ бидуни пирӯзии пешакӣ дар раъйдиҳии дохилиҳизбии аёлати Оҳайо дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ғолиб нашудааст.

Рӯзи якшанбе хабаргузории Рейтерс дар Оҳайо назарпурсӣ гузаронида ба хулоса омад, ки эҳтимол дар Оҳайо Ромнӣ аз Санторум каме пешдастӣ кунад. Ҳарчанд ки аз миёни иштирокчиёни назарпурсӣ 32 дар сад ба нафъи Ромнӣ ва 32 дар сад ба нафъи Санторум раъй додаанд.
Ин пажӯҳиш нишон дод, ки сабаби пуштибонӣ аз ду номзади ёдшуда мухталиф аст.

Тарафдорони Ромнӣ бар ин ақидаанд, ки номзади онҳо метавонад дар интихоботи моҳи ноябр президент Обамаро шикаст дода вазъи иқтисоди Амрикоро беҳбуд бахшад.
Рӯзи душанбе собиқ волии аёлати Массачусетс Ромнӣ дар паёмаш ба интихобкунандагони Оҳайо гуфт: “Иқтисод он чизест, ки ман бо он хуб ошноӣ дорам. Ман тамоми ҳаётамро дар бахши воқеии иқтисод гузаронидаам. Ман мефаҳмам, ки ҷойҳои корӣ аз куҷо пайдо меашванду чаро ҷойҳои корӣ аз байн мераванд.”

Вале сиёсатмадори муҳофизакори ростгаро ва собиқ сенатор аз аёлати Пенсилвания Санторум мегӯяд, ки раёсатҷумҳурӣ танҳо раҳбарии иқтисод набуда, ибтидо бояд ба масъалаҳои иҷтимоӣ, амсоли сақти ҷанин ва ҳуқуқи ақаллиятҳои ҷинсӣ таваҷҷӯҳ намуд: “Ба назарпурсиҳо ва ҳарзагӯиҳои матбуот гӯш надиҳед. Фақат ба он таваҷҷӯҳ кунед, ки оё мо мехоҳем, ки нафареро интихоб намоем, то манзараи ин кишварро ранги дигар бахшад. Шахсе бошад, ки дар ақидаи худ собит аст.”

Дар интихоботи дохилиҳизбии ҷумҳурихоҳон то кунун Ромнӣ ва Санторум беш аз дигарон пирӯзӣ ба даст овардаанд.

Коршиносон мегӯянд, аҳамияти асосии супер-сешанбе дар он аст, ки довталабҳои пирӯз барои идомаи маъракаи пешазинтихоботӣ дастгирии молии кӯмакрасон ё худ донорҳоро дарёфт мекунанд. Номзадҳои ноком бошад, аксаран талош барои раёсатҷумҳуриро канор мегузоранд.
XS
SM
MD
LG