Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани идеалии тоҷик кист?


Бештари ҳамсӯҳбатон “зани босавод”, “кордон”, “меҳрубон” ва “ботаҳаммул”-ро аз ҷумлаи занони идеалӣ ё ормонии тоҷик медонанд.

Наворбардори "Озодӣ" аз чанд раҳгузари хиёбонҳои Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, пурсидааст, ки ба назари онҳо "зани идеалӣ кист". Албатта, посухҳо гуногунанд. Вале аксари назардиҳандагон ба одоб, рафтор ва қаноати занони тоҷик таъкид карда, чунин занҳоро идеалӣ шумурдаанд.

Як эронии муқими Тоҷикистон ҳам гуфтааст, "зани идеалӣ он аст, ки дониш дошта бошад." Ин ҳамсӯҳбати мо бовар дорад, ки занҳои босавод ҳамсари худро дарк карда, фарзандонашонро низ хуб тарбия хоҳанд намуд.

Гурӯҳи дигар аз назардиҳандагон ба ахлоқи ҳамида ва таҳаммули занон ишора кардаанд. Онҳо мегӯянд, зани идеалии тоҷик он аст, ки қабл аз ҳама ҳамсари худро эҳтиром карда, дар лаҳзаҳои тангдастӣ ва ё мушкил қаноат варзад ва "асо"-е барои шавҳар бошад.

Онҳое низ кам нестанд, ки занони фаъол ва коргарро аз зумраи занони идеалӣ меҳисобанд. Зане, ки дар баробари мардон кор бикунад, дар ҷамъият мавқеъ дошта бошад ва ҳам дар тарбияи фарзандони худ саҳм бигузорад.

Аввал ин навори видеоро бубинед ва сипас бинависед, ки аз нигоҳи Шумо зани идеалии тоҷик кист. Шояд назари Шумо аз назари дигарон фарқ кунад ва ҳам ҷолиб бошад.

Назари Шумо: Зани идеалӣ кист?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG