Пайвандҳои дастрасӣ

Э. Раҳмон: Занон дар ҳукумат бояд бештар шаванд


Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми табрики шоираи тоҷик Меҳринисо. Душанбе, 6-уми марти соли 2012.

Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми табрики шоираи тоҷик Меҳринисо. Душанбе, 6-уми марти соли 2012.

Дар дидори идонае бо занони фаъол, раисиҷумҳур онҳоро ба ширкати комилтар дар ҳаёти кишвар даъват намуд.

Бо арҷгузорӣ ба нақши зан ва модар, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳукуматаш "ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад."

Вай афзуд, дар ин муддат барои таъмини баробарҳуқуқии марду занон ва ҷалби занон ба вазифаҳои роҳбарӣ дар кишвар як силсила асноди зарурӣ ба тасвиб расида, раванди иҷрои онҳо идома дорад.

Дар ин мулоқоте, ки занону духтарони касбу кори гуногун аз сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва манотиқи гуногуни Тоҷикистон ширкат доштанд, раисиҷумҳури Тоҷикистон эътироф кард, ки аз 15 000 кадри раҳбарикунанда танҳо 5 000 нафарро занон ташкил медиҳанд. Бештари занон дар риштаҳои маориф ва тандурустӣ кор мекунанд ва агар ба сурати умум, "дар соҳаи тандурустии кишвар беш аз 50 000 нафар машғули кор бошанд, аз ин рақам 44 000 нафарашон занон мебошанд."

Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун чандин ташаббусро ба миён гузоштааст, ки аз ҷумла таъини занон ба мақоми дувуми ҳамаи вазорату идораҳо яке аз онҳост, аммо ба таври назаррас амалӣ нашудааст. Ҳамчунин таҳсили духтарон аз манотиқи дурдасти кишвар зимни "квотаи президентӣ" солҳои охир ба фасод олуда, аз он асосан мансабдорони давлатӣ барои таҳсили фарзандони хеш истифода мекунанд ва дар натиҷа садҳо бонувони лаёқатманд аз таҳсил ва ҳамон гуна аз ширкат дар ҳаёти ҷамъиятӣ дур мемонанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мушилоти хушунати хонаводагӣ ва афзоиши талоқ дар оилаҳои тоҷик ишора кард. Вай таъкид намуд, ки занон бояд дар риояи талаботи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, аз ҷумла иҷрои қонунҳои танзими анъана ва ҷашну маросим ва масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд фаъол бошанд.

Дар поёни мулоқот ӯ ба занони фаъол тӯҳфаҳо тақдим намуда, дар симои онҳо Рӯзи модарро ба ҳамаи бонувони Тоҷикистон табрик гуфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG