Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тзечӣ: Чин мухолифи соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудани Эрон аст


Янг Тзечӣ, вазири умури хориҷии Чин
Янг Тзечӣ, вазири умури хориҷии Чин
Янг Тзечӣ, вазири умури хориҷии Чин, изҳор намуд, ки Пекин мухолифи тавлиди силоҳи ҳастаӣ аз сӯи Эрон аст.

Дар нишасти хабарӣ дар Пекин ӯ гуфт, "мо мухолифи онем, ки кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла, Эрон соҳиби силоҳи ҳастаӣ шаванд. Ҳамзамон мо мутмаинем, ҳама кишварҳое, ки меъёрҳои байнулмилалиро риоя мекунанд, ҳаққи истифода нерӯи ҳастаӣ бо аҳдофи осоиштаро доранд".

Янг Тзечӣ ҳамчунин аз хатари ҷорӣ кардани “таҳримҳои якҷониба” алайҳи Теҳрон ҳушдор дод.

Ахиран мавзӯъи барномаи ҳастаии Эрон дар мулоқоти раисиҷумҳури ИМА Барак Обама бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу баррасӣ шуд.
XS
SM
MD
LG