Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори дипломати саудӣ дар Бангладеш


Дакка шаҳри амну ором маҳсуб мешавад

Дакка шаҳри амну ором маҳсуб мешавад

Дар шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш, субҳи имрӯз ҷасади як дипломат аз Арабистони саудӣ ошкор шуд. Ба иттилои полис, афроди ношинос котиби дуввуми сафорат Калаф Ал-Алиро дар шаҳраки дипломатҳии пойтахт ҳадафи тир қарор доданд. Ин нахустин куштори дипломати хориҷӣ дар Бангладеш маҳсуб мешавад. Сабабҳои куштор алҳол рӯшан нест.

Арабистони саудӣ ва Бангладеш робитаҳои наздики иқтисодӣ доранд – теъдоди бузурги шаҳрвандони Бангладеш дар бахши истихроҷи нафти Арабистони саудӣ кор мекунанд.

Моҳи октябри соли гузашта дар Арабистони саудӣ 8 коргари бангладешӣ бо иттиҳоми ширкат дар ғорат бо истифодаи силоҳ эъдом шуданд. Ин ҳодиса робитаҳои ду кишварро андаке сард кард. Бангладеш бо пуштибонии СММ эъдоми коргаронро шадидан интиқод кард.
XS
SM
MD
LG