Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қирғизистон Аҳмад Боқиевро ҷустуҷӯ мекунанд


Аҳмад Боқиев

Аҳмад Боқиев

Мақомоти Қирғизистон амалиёти ҷустуҷӯи Аҳмад Боқиев, бародари раисиҷумҳури пешинро, ки аз маҳбас фирор кардааст, шурӯъ намуданд.

Моҳи августи соли гузашта Аҳмад Боқиев бо иттиҳоми ташкили бенизомиҳо, барангехтани низои қавмӣ ва қаллобӣ ба ҳафту ним соли маҳбас маҳкум шуда буд.
Моҳи январ ӯ бар пояи ҳукми авф аз маҳбас раҳо шуд ва дар шароити хоси боздошт қарор гирифт. Чанде қабл Аҳмад Боқиев бо маризии илтиҳоби шуш ба як бемористони Бишкек интиқол ёфт ва рӯзи 3 март аз он ҷо ғайб зад.
XS
SM
MD
LG