Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хасисии мард занро ба куҷо мебарад?


Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон аксари занҳо ба кӯмаки молии мардон эҳтиёҷ доранд.

Агар марде, ки ба зан ва хонаводаи худ эҳтиром мегузорад, ба навозишу меҳрубонӣ ва пуштибонии моливу маънавии зан ё дӯстдоштаи худ арҷ мегузорад ва дар ин маврид хасисӣ намекунад. Аммо табиист, ки табиати инсонҳо ҳамеша яксон нест ва мардҳои хасис низ кам нестанд.

Гуфта мешавад, дар ҷомеаҳои қашшоқ мардҳо маъмулан аз кӯтоҳдастӣ ба молу пул хасис мешаванд. Агарчӣ дар ҷомеа мегӯянд, ки афроди нодор баръакси афроди доро дасти боз доранд. Аммо афроди сарватманде ҳам ҳастанд, ки ҳатто ба дӯстдошта ва ё ҳамсари худ хасисӣ мекунанд.

Суол ин аст, ки хасисии мард ба наздиктарин фарди худ, яъне зан ва ё дӯстдошта, ӯро ба кадом роҳ мебарад, муҳаббати занро аз мард камтар мекунад, занро аз мард канораҷӯ мекунад, ё хайр?

Ҳамсӯҳбатони «Озодӣ» дар навори видеоӣ изҳори назар мекунанд, ки марди хасисро ҳеҷ қабул надоранд, ҳатто агар ӯро дӯст доранд. Зеро ба қавли онҳо, маҳз ҳамин хасисии мард аст, ки муҳаббати онҳоро ба мардҳо камтар мекунад, ҳатто занҳои заъфиродаро ба роҳҳои бад мебарад. Аммо теъдоде бар ин назар ҳастанд, ки агар зан марди худро дӯст дорад ва иродаи қавӣ дорад, хасисии мардро сарфи назар мекунад.

Шумо чӣ назар доред, оё хасиcии мард занро аз ӯ гурезон мекунад ё хайр?


Мардҳои тоҷик хасистаранд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG