Пайвандҳои дастрасӣ

Кофӣ Аннан барномааш оид ба Сурияро муаррифӣ мекунад


Кофӣ Аннан

Кофӣ Аннан

Кофӣ Аннан, собиқ Дабири кулли СММ, имрӯз дар Қоҳира дар музокирот бо раҳбарони Ҷомеъаи кишварҳои араб онҳоро бо тарҳи худ дар баробари Сурия ошно мекунад. Қарор аст, ки ӯ рӯзи шанбе ба симати фиристодаи вижаи Созмони Милал ва Ҷомеъаи кишварҳои араб вориди Димишқ шавад ва раисиҷумҳур Башор Асадро барои қатъи амалиёти низомӣ алайҳи мухолифин моил созад.

Дирӯз сенатор аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Ҷон МакКейн аз Вошингтон даъват намуд, ки раҳбарии амалиёти байнулмилалии ҳарбӣ-ҳавоӣ алайҳи режими Асадро бар ӯҳда бигирад. Ӯ дар як суханронӣ дар Сенат Димишқро дар ҷиноёти низомӣ ва саркӯбии намоишҳои мухолифин айбдор кард.

Дирӯз Канада эълом дошт, ки сафораташ дар Сурияро мебандад ва алайҳи ҳукумати Асад таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG