Пайвандҳои дастрасӣ

Корвони санҷишии амволи НАТО аз Тоҷикистон гузашт


Хабаргузориҳо мегӯянд, нахустин корвони озмоишии нерӯҳои НАТО вориди қаламрави Тоҷикистон шуд.

Ширкати боркашонии FMN Logistics, низ иттилоъ дод, ки ин амалиёт пас аз зӯҳри 29-уми феврали соли ҷорӣ шурӯъ шуда, наздик ба 20 мошини ҳомили муҳимоти ғайринизомӣ аз пули "Дӯстӣ", аз Бандари Шерхон, воқеъ дар шимоли Афғонистон убур намуда, вориди Тоҷикистон шудаанд.

Ин манбаъ мегӯяд, корвони мошинҳои 25-тоннагӣ аз қаламрави Тоҷикистон убур намуда, ба самти Қирғизистон ҳаракат карда ва аз он ҷо тавассути роҳи оҳан ба Қазоқистон ва Русия то ҷумҳуриҳои назди Балтик интиқол дода мешаванд.

Як мақоми Раёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, ки ба хотири интиқоли боамни муҳимоти ғайринизомӣ ва низомии НАТО аз тариқи Тоҷикистон ба Қирғизистон ва ба ҳар куҷои дигар, пешакӣ гуфтугӯи махсуси миёни намояндагони ин кишварҳо сурат гирифтааст, ки бидуни сарусадо ва намоишкорӣ амалиёти мазкур анҷом дода шавад.

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон низ аз шарҳи ин хабар худдорӣ кард, аммо сафорати Амрико дар Бишкек ба расонаҳои хабарӣ тасдиқ намудааст, ки ҳудуди 20 мошини ҳомили колоҳое, ки дар амалиёти Афғонистон ба онҳо дигар ниёз нест, аз ин кишвар тариқи давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Амрико бурда мешаванд. Сафорати Амрико дар Бишкек аз кишварҳое, ки дар амри интиқоли муҳимоти ғайринизомӣ аз қаламрави худ мусоидат мекунанд, изҳори ташаккур кардааст.

Мавзӯъи хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмиллалии мубориза алайҳи терроризм аз Афғонистон ахиран дар дидори Ник Ҳорвӣ, вазири нерӯҳои мусаллаҳи Бритониё бо президент Раҳмон дар Душанбе низ матраҳ шуда буд.

Ник Ҳорвӣ гуфтааст, ки барои берун бурдани нерӯҳои худ аз Афғонистон ба кӯмаки Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон ниёз доранд. Баъзе аз коршиносон бар инанд, ки интиқоли лавозимоти низомии нерӯҳои хориҷӣ тариқи ин масире, ки имрӯз мавриди амал аст, яъне Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, барои кишварҳои НАТО шояд гаронтар аз қимати худи лавозимот афтад.

Ҳангоми арзёбии стратегияи хуруҷ аз Афғонистон дар Сенати Амрико, фармондеҳи бахши ҳамлу нақли артиши Амрико генерали нерӯҳои ҳавоӣ Вилям Фрейзер гуфта буд, имкони интиқоли мошинҳои зиреҳпӯш ва муҳимоти ғайриҷангӣ тавассути Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мувофиқа шудаву Русия ва Узбакистон ҳам ин тарзи интиқоли муҳимоти низомии ИМА-ро пуштибонӣ кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG