Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футбол


Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) бо ширкати ҳашт дастаи беҳтарин рӯзи 5-уми март дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и шаҳри Душанбе оғоз ёфт.

Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи “А” тимҳои «Гвардия» (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Хайр» (Ваҳдат) ва «Шодмон» (Ҳисор) ва ба гурӯҳи “Б” дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), ССКА «Помир» (Душанбе) ва «Қайроққум» (Қайроққум) дохиланд.

Ба иттилои масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҷойи дастаи «Спитамен» (ноҳияи Ҷаббор Расулов), ғолиби сабқати минтақаи Суғд дар гурӯҳи “А”, ки ба иллати камбуди молӣ аз ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ даст кашид, тими «Гвардия» (Душанбе) роҳ дода шуд.

Маблағи ҷавоизи Ҷоми ФФТ 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 20 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд. Барои ҷойи дувум 15 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи севум 10 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум

5-уми март (душанбе)

«Равшан» - «Шодмон» - 3:0
ССКА «Помир» - «Вахш» - 0:0
«Гвардия» - «Хайр» - 4:3

6-уми март (сешанбе)

11.30. «Қайроққум» - «Регар-ТадАЗ» - 0:3

Даври 2-юм

7-уми март (чоршанбе)

9.30. «Хайр» - «Равшан»
11.30. «Шодмон» - «Гвардия»
13.30. «Регар-ТадАЗ» - ССКА «Помир»
15.30. «Вахш» - «Қайроққум»

Даври 3-юм

9-уми март (ҷумъа)

9.30. «Гвардия» - «Равшан»
11.30. «Хайр» - «Шодмон»
13.30. «Қайроққум» - ССКА «Помир»
15.30. «Регар-ТадАЗ» - «Вахш»

11-уми март (якшанбе)

Бозиҳои ниманиҳоӣ
10. 00. Ҷойи аввали «А» - Ҷойи дувуми «Б»
12.30. Ҷойи аввали «Б» - Ҷойи дувуми «А»

13-уми март (сешанбе)

10.00. Бозӣ барои ҷойи 3-юм
12.30. Бозии ниҳоӣ
XS
SM
MD
LG