Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии сафири Амрико аз боздоштҳои Маскав


Майкл Макфол-сафири Амрико дар Русия аз боздошти ширкаткунандагони тазоҳуроти эътирозии рӯзи душанбе дар Маскав изҳори нигаронӣ кард. Вай дар “Твиттер” навиштааст, “боздошти ширкаткунандагони тазоҳуроти сулҳомез дар майдони Пушкин нигаронкунанда аст. Озодии ҳамоиш ва озодии баён арзишҳои умумист”. Рӯзи душанбе Вашингтон аз мақомоти расмии Русия хост, ки ба шикоятҳо дар бораи нақзи муқаррароти интихоботи раёсати ҷумҳурӣ расидагии мустақал анҷом бигирад.
XS
SM
MD
LG