Пайвандҳои дастрасӣ

Барандаи ҷоизаи амрикоии Занони Шуҷоъ


Бино ба хабари мунташира дар сомонаи вазорати корҳои хориҷаи Амрико, Марям Дуронӣ-узви Шӯрои вилоятии Қандаҳор барандаи ҷоизаи Занони Шуҷоъ эълон шудааст. Марям ягона созмони фарҳангии занонро раҳбарӣ мекунад ва шабакаи радиоиро барои занони вилояти Қандаҳор роҳандозӣ кардааст. Яке дигар аз барандагони ҷоизаи Занони Шуҷоъ хонум Шод Бегум-муассиси Шӯрои Беҳзистии занони Покистон дониста шудааст. Ин шӯро ба тамрини занон ва дар ихтиёри онҳо гузоштани қарзаҳои хурд машғул аст.
XS
SM
MD
LG