Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҳадитаи Ироқ 27 корманди пулис кушта шуданд


Бино ба гузоришҳои расида аз Ироқ, дар ҷараёни чанд ҳамла ба шаҳри Ҳадита дар вилояти Анбар воқеъ дар ғарби кишвар 27 корманди пулис кушта шудаанд. Пулис мегӯяд, ки ин ҳамлаҳои ҳамоҳангшударо тундравҳои гурӯҳи ал Қоида анҷом додаанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки баъзе тундравҳо дар тан либоси низомии артиши Ироқро доштаанд. Онҳо ба посгоҳҳои пулис, ба посгоҳҳои амниятӣ ва ба хонаи кормандони пулис ҳамла бурдаанд. Тақрибан 50 тундрави мусаллаҳ дар ин ҳамлаҳо ширкат кардаанд.
XS
SM
MD
LG