Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳалли баргузории мулоқоти Ҷӣ-8 тағир ёфт


Кохи Сафеди Амрико эълон кард, ки маҳалли баргузории мулоқоти баҳории Ҷӣ-8 ё 8 кишвари санъатии пешрафтаи ҷаҳонро тағар хоҳад дод. Ин мулоқот акнун на дар Чикаго, балки дар Кемп Девид баргузор хоҳад шуд. Кемп Девид дар иҳотаи кӯҳҳост ва осоишгоҳи раиси ҷумҳури Амрико ба шумор меравад. Кохи Сафед дар эъломияе гуфтааст, сабаби тағири ҷой ин будааст, ки шароит барои баррасиҳои озод бо муттаҳидони наздики Амрико фароҳам ояд. 18-19 май дар Кемп Девид мулоқоти Ҷӣ-8 ва 20-21 май дар Чикаго мулоқоти раҳбаронии кишварҳои узви паймони НАТО баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG