Пайвандҳои дастрасӣ

Дар тазоҳуроти эътирозии Маскав садҳо нафар боздошт шуданд


Сергей Удалтсов ҳангоми боздошт дар Маскав

Сергей Удалтсов ҳангоми боздошт дар Маскав

Хабаргузориҳо бо такя ба ниҳодҳои интизомии Маскав иттилоъ додаанд, ки ҳангоми пароканда сохтани тазоҳуроти эътирозии мухолифони Кохи Кремл пулис бештар аз 200 нафарро боздошт кардааст. Иля Пономарёв-намояндаи Думаи Давлатии Русия ба рӯзноманигорон гуфт, ки рӯзи душанбе дар ҷараёни чанд тазоҳурот дар Маскав тақрибан 1000 нафар боздошт шудаанд.

Сергей Удалтсов, Алексей Навалний, Иля Яшин ва соири раҳбарони мухолифонро дар майдони ба номи Пушкин баъд аз хатми тазоҳурот боздошт кардаанд. Ин тазоҳурот зери шиори “Барои интихоботи одилона” баргузор шуд. Дар мусоҳибае бо бахши русии радиои Озодӣ Сергей Удалтсов гуфт, ки вай ва чанд нафари дигар аз ҷонибдоронаш бо Пономарёв мулоқот анҷом додаанд ва ин нақзи қонун дониста намешавад.


Бино ба навиштаи сомонаи «Газета.ru», баъд аз боздошти фаъолони мухолифон дар майдони Пушкин дуди ғализ майдонро фаро гирифтааст. Нируҳои ОМОН барои парканда сохтани тазоҳурот аз дуди ашковар ва соири васоил истифода кардаанд. Тазоҳуркунандагон “Русияи бидуни Путин” ва “Озодӣ ба маҳбусони сиёсӣ” шиор медоданд. Онҳо ҳамчунин хостори баргузории интихоботи нав шуданд.
XS
SM
MD
LG