Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми қатли Ҳикматиро аз нав хоҳанд дид


Амирмирзо Ҳикматӣ
Амирмирзо Ҳикматӣ
Додгоҳи олии Эрон ба бозбинии парвандаи шаҳрванди эронитабори Амрико Амирмирзо Ҳикматӣ амр дод. Ҳикматӣ дар моҳи январ бо ҷурми ҷосусӣ ба қатл маҳкум шуд. Форс нюс аз қавли сухангӯи додгоҳ хабар дод, ки ҳукми Ҳикматӣ ба далели вуҷуди таноқузот дар парвандааш «лағв» шудааст. Ӯ шаҳрванди ҳам Амрико ва ҳам Эрон буда, дар артиши баҳрии Амрико хидмат кардааст. Ҳикматӣ соли гузашта ҳангоми аёдат аз бобову бибиаш боздошт шуд ва, бино ба хабарҳо, дар ҳуҷраи яккасаи зиндони Эвини Теҳрон нигоҳ дошта мешавад.
XS
SM
MD
LG