Пайвандҳои дастрасӣ

"Мушорикати шарқии чоргонаи Вишеград" тасвиб шуд


Нахустин кишварҳои собиқ коммунистии ба ИА пайваста талош доранд, дар роҳи ба ин созмон наздиктар кардани кишварҳои пасошӯравӣ кумак расонанд. Дипломатҳои чоргонаи Вишеград, ки Чехияву Лаҳистон ва Словакияву Маҷористонро дар бар мегирад, имрӯз дар Прага барои кумак ба Беларусу Молдова, Украинаву Гурҷистон ва Озарбойҷону Арманистон барномаи “Мушорикати шарқии чоргонаи Вишеград”-ро тасвиб карданд. Аммо ҳайъати Беларус, ки равобиташ бо ИА бад шудааст, дар нишасти Прага ширкат накард.
XS
SM
MD
LG