Пайвандҳои дастрасӣ

Озмоиши мушаки раҳбурдии Покистон


Покистон мегӯяд, озмоиши мушаки кӯтоҳпарвози раҳбурдии Hatf-II-ро бомуваффақият анҷом додааст. Ин мушак қодир ба бурдани кӯлоҳакҳои ҳастаист. Сухангӯи артиш генерал Атҳар Аббос гуфт, тӯли парвози ин мушак 180 километр аст. Ин дар ҳолест, ки Ҳинд –рақиби ҳастаии Покистон дар минтақа- низ аз анҷоми низ бомуваффақияти озмоиши мушаки BrahMos хабар дод, ки тӯли парвозаш 290 километр будааст.
XS
SM
MD
LG