Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари Ожонси байналмилалии назорати нирӯи атомӣ Юкия Амано гуфт, «нигаронии ҷиддӣ»-и ин ниҳод аз эҳтимоли ҳамоно барномаи махфии сохтани силоҳҳои ҳастаиро таъқиб кардани Эрон то ҳол боқист. Амано ба Шӯрои мудирони Ожонси ҳастаии СММ гуфт, Эрон аз поёни соли гузашта тавлидоти моҳонаи урани бештар ғанишударо, ки барои силоҳи ҳастаӣ низ метавонад истифода шавад, 3 маротиба афзудааст. Амано гуфт, дар пайи ду сафари нозирони Ожонс ба Теҳрон «ихтилофоти бузург» бо Эрон ҳанӯз боқӣ мондааст. Эрон табиати низомӣ доштани фаъолиятҳои ҳастаияшро радд мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG