Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА: Интихобот ба фоидаи Путин тахаллуф шудааст


Тонино Пикула
Тонино Пикула
Нозирони байналмилалӣ мегӯянд, интихоботи рӯзи 4 марти раёсатҷумҳурии Русия ба фоидаи сарвазир Владимир Путин ошкоро тахаллуф шудааст. Тонино Пикула, раҳбари ҳайъати нозирони САҲА дар як баёния гуфт, дар ин корзор «рақобати воқеъӣ набуд» ва «сӯиистифода аз манобеъи давлатӣ ҷои шаккеро дар мавриди шахси барандаи ниҳоӣ боқӣ нагузошт". Нозирон хостори таҳқиқи фарогири мавридҳои тахаллуф дар интихоботи 4 март шуданд.
Куммиссиюни марказии интихобот қаблан эълон кард, ки Путин бо касби зери 64 дарсади оро дар давраи аввал баранда шуд. Раиси Куммиссиюни марказии интихобот Владимир Чуров гуфт, бар асоси шумориши беш аз 99 дарсади оро, Путин 63,75 фоиз раъй ба даст овардааст. Аммо раҳбари ҳизби коммунист Геннадий Зюганов, ки ҷои дувумро гирифт, интихоботи 4 мартро «ғайриқонунӣ» ва натоиҷашро ба фоидаи Путин дасткоришуда хонд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Русия Владимир Путин паёми табрикӣ фиристода, изҳори итминон кард, ки давраи нави раҳбарии Путин ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG