Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба бозбинии қонунмандии ҳукми зиндони раҳбари собиқи ширкати нафти ЮКОС Михаил Ходорковский амр додааст. Ходорковскийи 48-сола, ки аз мунтақидони Кремл аст, аз соли 2003 ба ин сӯ дар боздошт ба сар мебарад ва ду сол пеш замони ҳукми зиндони ӯро то соли 2017 тамдид карданд. Ходорковскийро гурӯҳҳои байналмилалии ҳуқуқи башар маҳбуси ақидатӣ мешиносанд. Кремл дар маҷмӯъ аз додситони кулл Юрий Чайка бозбинии ҳукми 32 нафареро хостааст, ки мухолифин онҳоро маҳбуси сиёсӣ шинохта, дар мулоқоти рӯзи 20 феврал рӯйхати ин 32 нафарро ба Медведев супурда буданд. Аз додситони кулл дархост шудааст, ки бозбинии парвандаи Ходорковскийро то 1 апрел такмил кунад.
XS
SM
MD
LG