Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонунҳои нонавишта. Пули зодрӯз, таъмир...


Агарчӣ таҳсил дар мактабҳои миёна ройгон аст, аммо волидон барои омӯзиши фарзанди худ пули зиёд харҷ мекунанд.

Пули мактаб, пули бӯр, пули тиреза, пули бухорӣ, пули таъмири мактаб, пули зодрӯзи устодон, пули фаррош, пули... Умуман, феҳристи пардохтҳо хеле тӯлонист.

Бархе аз волидайн мегӯянд, дар як моҳ барои таҳсили фарзандонашон дар мактабҳои миёна то 100 доллар ва гоҳо аз ин ҳам бештар харҷ мекунанд.

Омӯзгорон мегӯянд, Шӯрои волидони синф бо хоҳиши худ қарор кардаанд, ки чунин ба истилоҳ "кӯмакпулиҳо"-ро пардохт хоҳанд кард. Вале ҷойи нигаронист, ки агар хонандае аз пардохти ин "кӯмак"-ҳо сарпечӣ кунад ва ё оварда натавонад, мавриди истинтоқ ва хушунати устодон қарор мегирад.

Бархе волидайн мегӯянд, барои тарбияи хуб ва дарёфти дониши бештар фарзандонашонро ба дарсҳои иловагӣ ва ҳамчунин толорҳои варзишӣ мефиристанд ва ҳатман пули муайяне пардохт мекунанд. Пас, табиист, ки барои таҳсилу тарбияи фарзандон волидайн сармояе низ харҷ мекунанд.

Хароҷоти ҳармоҳа барои таҳсили фарзанд чанд пул мешавад? Ин суоле буд, ки мо дар хиёбонҳои Душанбе бо волидайн матраҳ кардем. Шумо ҳам бетараф набошед ва назари худро дар ҳамин сафҳа бинависед.

Харҷ барои таҳсили фарзандон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG