Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири Русия Владимир Путин ғолиби расмии интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ эълон шуд. Раиси Куммиссиюни марказии интихобот Владимир Чуров гуфт, бар асоси шумориши беш аз 99 дарсади оро, Путин 63,75 фоиз раъй ба даст овардааст: «Тибқи маълумоти пешакӣ, Владимир Путин 45 109 000 райъ гирифт, ки 63,75 фоиз аз ҷамъи мардуми ширкаткарда дар интихоботро ташкил медиҳад.» Чуров гуфт, дар интихобот 65 фоиз аз тақрибан 110 миллион мардуми соҳиби ҳаққи райъ ширкат кардаанд. Аммо раҳбари ҳизби коммунист Геннадий Зюганов, ки ҷои дувумро гирифт, интихоботи 4 мартро «ғайриқонунӣ» ва натоиҷашро ба фоидаи Путин дасткоришуда хонд. Нозирон низ дар бораи ҳазорон мавриди тахаллуф дар ин райъгирӣ шикоят кардаанд.
XS
SM
MD
LG