Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Ба ҷойи "келин" синҳору ба ҷойи "кухни" ганҷур?


Шаҳраки Қалъаихум, маркази маъмурии Дарвоз
Шаҳраки Қалъаихум, маркази маъмурии Дарвоз

Пажӯҳишгари мустақил Рустами Содиқиён ба натиҷае расидааст, ки вожаҳои зиёди шеваи мардуми Дарвоз метавонанд забони адабии тоҷикиро ғанӣ гардонанд ва дар муошират мавқеи устувор пайдо намоянд.

Номукаммалии сатҳи омӯзиши шеваҳои забони тоҷикӣ дар ҷанубу шарқи кишвар аз ҷониби олимон, ин сокини деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвозро, ки ба тиҷорат шуғл дорад, водор сохтааст вақти холиашро ба пажӯҳиш сарф кунад.

Ба гуфтаи Рустами Содиқиён, ба вижа забони муоширати соҳавӣ ва маросимӣ аз ҷониби олимон пурра омӯхта нашудааст ва аз байн рафтани касбу бозиҳои гуногуни қадима, боиси «мурдан»-и вожаҳои зиёди нодир гардидааст. Аммо бо вуҷуди ин, вай бештар аз 20 вожаро дарёфтааст, ки метавонанд дар забони адабии тоҷикӣ ба ҷойи калимаҳои ноҳамвор ва ё бегона истифода шаванд.

Рустами Содиқиён афзуд: «Масалан дар Дарвоз зарфи махсус барои дастшўйиро овшӣ мегўянд, офтоба, ки дар забони тоҷикӣ маъмул аст, сохта ба назар мерасад. Ё гирем, калимаи шол. Дар манотиқи дигари ҷумҳурӣ барои ифодаи болопўши бом бештар калимаи русии чердакро истифода мебаранд, аммо дар шеваи мардуми Дарвоз онро шол мегўянд. Ё калимаи нардбон. Қисми аввали ин калима аз номи бозии нард гирифта шудааст. Нардбон, бо пасванди «бон» гўё шахсест, ки нардро бонӣ мекунад. Аммо мардуми минтақаи мо нардбонро селу меноманд, вожаи қадима ва зебои тоҷикӣ . Ба ҷой «кухни» ганҷур ва ба ҷойи «зоғнӯл» каноҷ истифода бурдан хубтар аст. Вошки-риштаи абрешимӣ, ки аз нўги сўзан гузаронида мешавад ва ё гулича-косаи аз хок тайёршуда ҳам роиҷ буда метавонанд.»

Рустами Содиқиён
Рустами Содиқиён
Ба андешаи ин пажўҳишгар, вожаи «синҳор», ки дар гӯиши маҳаллӣ ба таври фаровон истифода мешавад, метавонад ҷойгузини калимаи маъмулшудаи туркии «келин» бошад. Аз сўйи дигар меафзояд пажӯҳишгар, айни ҳол дар кишвар ду меваи гуногун бо як ном ифода мешаванд-хурмо ва агар хурмо хоҳӣ одатан мепурсанд, ки кадом хурмо? Аммо хурмои тоҷикиро метавон бо вожаи чиливанг, ки дар Дарвоз роиҷ аст, ном бурд.

Устоди донишгоҳи Хоруғ, доктори улуми филологӣ Назрӣ Офаридаев натиҷаи пажўҳиши ин забоншиноси мустақилро қобили таваҷҷӯҳ дарёфтааст. Ба фикри вай, агарчанде меъёрҳои забони адабии тоҷик дар тўли садсолаҳо ташаккул ёфтаанд, вале бо вуҷуди ин, забони адабӣ ба хусус бо касб кардани мақоми давлатӣ, ба такмил эҳтиёҷ дорад.

Ба гуфтаи оқои Офаридаев, аммо забони адабӣ дар солҳои 20-ум ва 30-юми асри гузашта бо назардошти меъёрҳои забони адабии классики тоҷик дар заминаи гўишҳои шимоли кишвар ташаккул ёфта, шеваҳои ҷанубӣ ва бештар аз ҳама шарқи кишвар камтар омӯхта ва ба забони адабӣ дохил шудаанд.

Вай гуфт: «Бархе аз нависандагон ба мисли Али Хуш асарҳо навиштанд, вале маҳсулашон ба сохтори забон таъсири муассир гузошта натавонист. Баъзе вожаҳо ба мисли ширгарм, яъне оби на он қадар гарм маъмул гардиданд ва ба забони адабӣ дохил шуданд, вале бинобар камбуди эҷодкорон ва пажўҳишгарон, шеваҳои маҳаллӣ пурра омӯхта нашуданд, ҳарчанд ин шеваҳо ҳанӯз дар солҳои аввали қарни гузашта мавриди таваҷҷӯҳи ховаршиносон қарор гирифтанд.»

Назрӣ Офаридаев мегўяд, натиҷаи пажӯҳи Рустами Содиқиён, ки маълумоти олии филологӣ дорад, вале аз рӯйи зарурат тиҷоратро пеша кардааст, ҳокӣ аз он аст, ки вожаҳои зиёди шевагӣ метавонанд дар забони адабии тоҷикӣ мавқеъ пайдо кунанд ва маъмул гарданд: «Масалан чӯби говрониро шопа меноманд ва бисёр калимаҳои дигар ҳастанд, ки метавонанд ба забони адабӣ ворид шаванд.»

Ин донишманди тоҷик дар сохтани истилоҳоти соҳавӣ истифодаи бурдан аз луғати тамоми шеваҳои забони тоҷикиро чун як сарвати муҳими луғавӣ амри зарур медонад ва мегўяд, Кумитаи истилоҳот бояд имкониятҳои шеваҳои забони тоҷикиро ба манзури бойгардонии забони адабӣ ба таври муассир истифода намояд.
XS
SM
MD
LG