Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷасади Расулов пас аз 4 моҳ ба хок супорида шуд


Бахтиёр Расулов

Бахтиёр Расулов

Ҷасади Бахтиёр Расулов, муҳоҷири сарбуридаи тоҷик, дар зодгоҳаш деҳаи "Партизан"-и ноҳияи Шаҳритус ба хок супорида шуд.

Ин муҳоҷири тоҷик моҳи ноябри соли гузашта дар авҷи баҳсҳои додгоҳии ду халабони ширкати русӣ дар Санкт- Петербург кушта шуд. Ҷасади сӯхтаи ӯро дар ҷангалзор дар дохили мошинааш пайдо карданд.

Бисёриҳо қатли Расуловро ба қазияи халабонҳо марбут донистанд. Аммо ҳам мақомоти тоҷик ва ҳам мақомоти Русия гуфтанд, ки ин қазия дар пайи ҷанҷоли хонаводагӣ ба вуқӯъ пайваста, рабте ба қазияи халабонҳо надорад.

Бо ин вуҷуд, қатли ваҳшиёнаи Бахтиёр Расулов вокунишҳои тундеро дар Тоҷикистон барангехт ва ҳатто Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони кишвар, ба хотири таҳқиқи қазия намояндааш Муҳаммадалӣ Ватановро ба Русия фиристод. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ сафири Русия дар ин кишварро эҳзор карда ва нигаронии амиқи худро аз қатли Бахтиёр Расулов баён дошт.

Ин вазорат қатли шаҳрванди Тоҷикистонро паёмади ҳангома ва ҳаёҳӯе донист, ки расонаҳои Русия ва баъзе аз афроди саршиноси ин кишвар алайҳи муҳоҷирони тоҷик роҳандозӣ карда буданд. Баъдан аагрчӣ нафаре ҳамчун гумонбари қатли Бахтиёр Расулов боздошт шуд, вале то ҳанӯз ҳукм нагирифтааст.

Ҷасади Бахтиёр Расулов танҳо пас аз тақрибан 4 моҳ аз ғурбат ба зодгоҳаш оварда шуд. То ин дам модар ва хоҳаронаш аз кушта шудани ӯ хабаре надоштанд, вале бо дидани ҷасади Бахтиёр ба ҳолати шок афтодаанд.

​Бахтиёр соли 2004-ум бо мақсади мардикорӣ ба Русия рафта, дар шаҳри Санкт-Петербург таксӣ меронд. Вай дар Русия оиладор шуда, соҳиби 2 писар – Рустами 7-сола ва Дамири 5-сола буда, мехостааст, ҳамсари рус ва фарзандонашро ба Тоҷикистон оварда, бо онҳо дар ҳамин ҷо кору зиндагӣ намояд. Аммо ба ин орзуяш нарасид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG