Пайвандҳои дастрасӣ

Путин эълон кард, ки "пирӯзии соф" ба даст овардааст


Путин дар лаҳзаи хитобаи худ ба ҷонибдоронаш

Путин дар лаҳзаи хитобаи худ ба ҷонибдоронаш

Владимир Путин- нахувствазири Русия хитоб ба ҷонибдорони худ дар майдони Манежнаяи Маскав гуфт, ки вай дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 4 март “пирӯзии соф” ба даст овардааст. Путин ва Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури кунунӣ дар майдони Манежная ба назди тақрибан 100 000 нафар ҷонибдорони худ омаданд.

Мақомоти кумиссиюни интихоботии Русия мегӯянд, дар ҳоле, ки ҳудуди 25 дарсади баргаҳои рай шумурда шудаанд, Путин бештар аз 63 дарсад рай гирифтааст. Геннадий Зюганов-раҳбарии куммунистҳои Русия соҳиби 17,32 дарсад рай шудааст. Михаил Прохоров-соҳибкори сарватманд ва Владимир Жириновский-раҳбари ЛДПР 7,35 дарсадӣ ва Сергей Миронов-раиси Ҳизби “Справедливая Россия” камтар аз 3,67 дарсад рай гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG