Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиш ва интиқодҳо аз интихоботи президентии Русия


Мақомоти ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” гуфтаанд, интихоботи раёсатҷумҳурии Русия аз лиҳози шаффофият “бояд барои дигар кишварҳо ба ҳайси як намуна” хидмат кунад. Георгий Федоров, узви Палатаи ҷамъиятии Кремл гуфт, интихоботи раёсатҷумҳурӣ назар ба порлумонӣ аз лиҳози технология ва назму тартиб беҳтар созмон дода шуд. Полиси Русия аз ягон нақзи ҷиддӣ дар ҷараёни интихобот хабар надодааст. Вале дидбони мустақили интихобот бо номи “Голос” мегӯяд, дар бораи 3000 қонуншиканӣ гузориш гирифтааст. Яке аз сарони мухолифон Алексей Навалний ба телевизиони мустақили интернетии “Дожд” гуфт, хилофкориҳо ба таври ошкор ва густарда сурат гирифтаанд: "Ҳама чиз одиву ошкор буд. Садҳо автобус ошкоро мардумеро дар саросари Маскав ва вилояти Маскав ин ҷову он ҷо мебурданд ва онҳо дар қитъаҳои гуногуни интихоботӣ раъй медоданд.”
XS
SM
MD
LG