Пайвандҳои дастрасӣ

Зани тибетӣ бо эътироз аз сиёсати Пекин худро оташ зад


Дар Тибет, модари чаҳор фарзанд ба нишони эътироз аз сиёсатҳои ҳукумати Чин дар ин минтақа худро оташ зад ва даргузашт. Фаъолони тибетӣ мегӯянд, зани 32-сола худро дар вилояти Сичуан оташ задааст. Дар як соли охир 23 тибетӣ бо ин роҳ эътирози худро баён карданд ва 16 нафари онҳо зинда намонданд. Эътирози охир дар ҳоле ба амал омад, ки қарор аст, порлумони Чин нооромиҳои афзоянда дар ин кишварро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG