Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирсоли аввалин ёриҳои башарии Салиби Сурх ба Ҳумс


Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх мегӯяд, барояш муяссар шудааст, ки ба деҳоти канори шаҳри Ҳумси Сурия, ки паноҳандагони минтақаи муҳосирашудаи Бобо Амрро паноҳ додааст, кӯмакҳои башарӣ расонад. Аммо, омадааст дар изҳороти ин ниҳод, нерӯҳои давлати Сурия ба кормандонаш иҷоза надодаанд, аз минтақаи Бобо Амр дидан кунанд. Артиши Сурия мегӯяд, аввал бояд минтақаро аз мина ва симхору сангарҳо покккорӣ кунад. Ҳумс савумин шаҳри бузурги Сурия аст, ки моҳҳо зидди ҳукумати раисиҷумҳур Башор Асад тазоҳурот мекард.
XS
SM
MD
LG