Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Вазорати умури хориҷии Чин дар изҳороте аз тарафҳои Сурия хост, бидуни қайду шарт ба хусуматҳо хотима гузоранд. Дар ин изҳорот ҳамчунин аз нақши меҳварии Созмони Милал дар ҳамоҳангсозии кӯмакҳои башарӣ ҳимоят шуда, ҳамзамон ҳама гуна талоши дахолат ба умури Сурия рад гаштааст. Чин ду бор якҷо бо Русия аз қатъномаҳои Шӯрои Амният зидди саркӯби тазоҳуркунандагон дар Сурия пешгирӣ кард. Вазорати умури хориҷии Чин дар изҳороти ахираш инчунин такрор кардааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд “истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзии Сурия”-ро эҳтиром кунад.
XS
SM
MD
LG