Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Русия. Шаби пас аз интихобот


Владимир Путин, яке аз номзадҳои аслӣ ба мақоми раисиҷумҳури Русия

Владимир Путин, яке аз номзадҳои аслӣ ба мақоми раисиҷумҳури Русия

Шаҳрвандони Русия рӯзи якшанбе (4-уми март) барои муайян шудани раисиҷумҳури кишвари худ раъй доданд.

Хабаргузориҳо мегӯянд, ширкати мардум дар интихобот дар бисёре аз манотиқи Русия назар ба интихоботи порлумонӣ ба маротиб бештар будааст. Бисёриҳо тахмин мекунанд, ки раъйдиҳии 4-уми март бо пирӯзии сарвазири ин кишвар Владимир Путин тамом хоҳад шуд.

Наздик ба ҳазор нафар аз ихтиёриён ҷараёни раъйдиҳиро зери назар доштанд ва 9 ҳазор дурбини видео вазъу ҳоли ҳавзаҳои раъйдиҳиро аз тариқи интернет намоиш медоданд. Ҳамзамон садҳо нафар мушоҳидаҳои худ ва ҳамчунин хилофкориҳоеро, ки шоҳид шудаанд, дар блогҳо ва форумҳои интернетӣ навиштанд.

---
Кормандони Бахши русии Радиои Озодӣ дар ин гузориши мустақими видеоӣ аз лаҳзаҳои муҳими интихоботи раёсатҷумҳурии Русия иттилоъ медиҳанд ва ҳар соат аз маконҳои гуногун гузориш пахш мекунанд.

Нозирони мустақил ва ҳомиёни ҳуқуқ аз хилофкориҳое монанди рӯйхатҳои суолбарангези интихобкунандагон то дурбинҳои хомӯши видеоии назорат ва бо автобус аз як қитъа ба қитъаи дигар интиқол додани интихобкунандагон хабар додаанд. Аммо раиси Кумитаи марказии интихобот Владимир Чуров ин иттиҳомотро рад кард.

Баъд аз пирӯзии ҳизби “Русияи воҳид”-и Путин дар интихоботи 4-уми декабри соли 2011 дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия ҳазорон нафар ба майдонҳо рехтанд ва талаб карданд, ки бино бар тақаллуби зиёд натиҷаҳои раъйдиҳӣ беэътибор эълон шаванд. Ин аст, ки бисёриҳо мегӯянд, пирӯзии эҳтимолии Владимир Путин низ бо хилофкориҳо иттифоқ хоҳад афтод.



Аммо дар назарсанҷиҳое, ки пеш аз оғози раъйдиҳӣ сурат гирифтаанд, ин пирӯзӣ пешгӯӣ шудааст. Бархе аз марказҳои омӯзиши афкори умум гуфтаанд, Путин дар даври аввал наздик ба 60 дарсад раъй гирифта, даври дувумро нозарур хоҳад кард. Путин аз соли 2000 то 2008 раисиҷумҳури Русия буд, вале бино бар қонуни асосӣ наметавонист, муддаии даври сеюми раёсатҷумҳурӣ бошад.

Интихобот зери тадбирҳои шадиди амниятӣ ҷараён гирифта, зиёда аз 380 ҳазор корманди афсару пулис ба ҳифзи назм дар он сафарбар шудаанд. Тарафдорон ва мухолифони Путин нақша доранд, рӯзи 5-уми март дар майдонҳои марказии шаҳрҳо ҷамъ оянд. Эҳтимолан яке барои таҷлил аз пирӯзӣ ва дигаре барои шикоят аз тақаллуб.

Барои дастёбӣ ба мақоми раисиҷумҳури нави Русия нахуствазир Владимир Путин, раиси Ҳизби либерал-демократ Владимир Жириновский, раиси Ҳизби коммунист Геннадий Зюганов, раиси Ҳизби "Русияи боадолат" Сергей Миронов ва тоҷири рус Михаил Прохоров рақобат доранд. Барои назорати интихоботи раёсати ҷумҳури Русия ҳудуди 700 нозири байналмилалӣ иҷоза дарёфтаанд, аз ҷумла, нозирон аз Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ), кишварҳои узви Ҷомеаи Муштаркулманофеъ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG