Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯиқасд ба вазири пешини умури дохилии Покистон


Як бомбгузори маргталаб ба корвони мошинҳои вазири пешини умури дохилии Покистон Офтобхон Шерпао ҳамла оварда, як нафарро кушта ва се тани дигарро захмӣ кард. Шерпао, ки дар давраи раёсати Парвиз Мушарраф ба амалиёти нерӯҳои давлат зидди Толибони покистонӣ сарварӣ карда буд, аз ин сӯиқасд ҷон ба саломат бурд. Афсари полис гуфтааст, ин таркиш дар назди мошини зиреҳдори Шерпао дар райпаймоие дар Чорсада ба вуқӯъ пайваст. Гурӯҳи Умар Холид аз ҷунбиши “Таҳрики Толибони Муҳманд” масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.
XS
SM
MD
LG