Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама гуфт, вай дар масъалаи Эрон "шӯхӣ" накардааст


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама мегӯяд, даъвати ӯ ба пешгирӣ аз соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудани Эрон шӯхӣ нест. Вай афзуд, дипломатия ва таҳримҳо бояд ба Эрон шанс диҳанд, ки аз барномаи таслиҳотии хеш даст кашад. Дар акси ҳол ҳамаи гузинаҳо зери дасти ӯянд, аз ҷумлаи гузинаи ҳарбӣ. Аммо, Обама, ҳамчунин гуфт, зарбаи пешгирикунандаи Исроил метавонад, пайомадҳои ғайриинтизор дошта бошад, аз ҷумла Эронро як қурбонӣ вонамуд кунад. Дар сафараш ба Канада, сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, кишвараш ҳақ дорад барои дифоъ аз Эрон, ки хостори нобудии Исроил аст, ба ҳар амале даст занад.
XS
SM
MD
LG