Пайвандҳои дастрасӣ

Пешсафии рақибони Аҳмадинажод дар интихоботи Эрон


Бино бар натиҷаҳои ибтидоии интихоботи порлумонии Эрон, рақибони муҳофизакори раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод пешсафанд. Ин пешсафӣ дар аксари вилоятҳои Эрон бузург дониста мешавад. Хоҳари раисиҷумҳур Парвин Аҳмадинажод дар зодгоҳаш Гармсор аз тарафи рақиби муҳофизакор шикаст хӯрд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки Аҳмадинажод дар ду соли охири даври дувуми раёсаташ бо порлумони душмансифате рӯбарӯ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG