Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия хостори эҳёи равобит бо Гурҷистон шуд


Русия мегӯяд, ба эҳёи равобити дипломатӣ бо Гурҷистон омодааст. Бино бар изҳороти Вазорати умури хориҷии Русия, ки зоҳиран, дар посух ба тасмими раисиҷумҳури Гурҷистон Михел Саакашвилӣ гирифта шудааст, Маскав хостори таҳкими робита миёни мардумони ду кишвар аст. Саакашвилӣ рӯзи 28-уми феврал ба аҳолии Русия сафари бидуни раводид ба кишварашро пешниҳод кард. Қаблан, Маскав гуфта буд, то замоне ки Саакашвилӣ дар сари қудрат аст, бо Тифлис муносибатҳои дипломатӣ нахоҳад дошт. Ин муносибатҳо баъд аз ҷанги ду кишвар дар соли 2008 қатъ гаштаанд.
XS
SM
MD
LG