Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси нахустин гурӯҳи сиркӣ дар Хуҷанд


Дар шаҳри Хуҷанд нахустин гурӯҳи сирк таъсис шуд, ки дар мактабу кӯдакистонҳо ва маъракаҳои ҷашнӣ ҳунарнамоӣ мекунад.

Замоне буд, ки дар Душанбе сирк фаъол буд ва сокинон барои фароғату вақтхушӣ ҳамроҳи фарзандони худ ба сирк мерафтанд. Сирки тоҷик зиёд ҳайвоноти ромшуда надошт, аммо дар толори он беҳтарин сиркҳои ҷумҳуриҳои шӯравӣ бо сафарҳои ҳунарӣ барномаҳои худро тақдими тамошобини тоҷик мекарданд. Ба навбати ҳунарварони сирки тоҷик ҳам то дурдасттарин гӯшаву канорҳои ҷумҳурӣ ба сафарҳои ҳунарӣ мерафтанд.

Аммо дар ду даҳсолаи ахир ҳунари сирк дар Тоҷикистон тадриҷан ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад. Барномаҳои ягона сирки кишвар дар Душанбе ҳам он қадар ҳам бой ва рангин нест. Сокинони қисматҳои дигари кишвар ҳам ҳунарнамоии ҳайвоноти ромшудаву ширинкорони сиркро танҳо аз телевизион дидаанд,

Азим Аҳроров, раҳбари хонаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд мегӯяд, таъсиси гурӯҳи сиркии онҳо ба хотири эҳёи ин ҳунари барои тоҷикон ошнову хушоянд аст. Вай ҷавони суғдӣ, Шоҳрух Эрматовро, ки ягона мутахассиси сирк дар Суғд ва таҳсилкардаи коллеҷи ҳунарҳои сиркии шаҳри Тошканд аст, нагузошт аз бекорӣ раҳ сӯи мардикории Русия пеш гирад. Онҳо ҳамроҳ гурӯҳи сирки худро таъсис доданд:

«Шоҳрух, ки ман ӯро кашф кардам, ҳам чашмбанд, ҳам ромкунандаи мор аст. Айни замон чанд барномаҳое бо морҳои дастомӯзаш ба тамошобинон тағдим кард. Ман ба вай гуфтам, дигар ба Русия намеравӣ, ризқу рӯзиатро дар ҳамин ватани худамон меёбӣ. Чунки он истеъдоду ҳунаре, ки дорӣ, дар Русия ҳайф мешавад. Маскав ё шаҳри дигар, ки меравӣ, ба чӣ машғул мешавӣ. Вай чанд рӯз фикр кард ва розӣ шуд .»

Вай афзуд, тамошобини асосии онҳо бачаҳову ҷавонон ҳастанд ва барномаҳои худро дар мактаб, хонаҳои фарҳанг, кӯдакистонҳо ва маҳфилҳои дигари хусусӣ ба намоиш мегузоранд.

Зимнан, Шоҳрух Эрматови 21-сола соли 2010 дар озмуни чашмбандони Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар шаҳри Тошканд, ба ҳайси ҷавонтарин довталаб иштирок карда, ҷоизаи Гран Приии онро ба даст овардааст.

Вақте, ки ман ба суроғи Шоҳрух ба хонаи фарҳанги Хуҷанд рафтам, вайро он ҷо пайдо накардам. Дар сӯҳбати телефонӣ Шоҳрух гуфт, дар таҳияи барномаи ҳунарӣ ба истиқболи Наврӯз аст: «Мо аз пайи тайёр кардани лавозимоти дор ҳастам. Баҳор фаро расида истодааст, Наврӯз наздик, ният дорем рӯзҳои ҷашн дар Наврӯзгоҳи нави Хуҷанд, дар микроноҳияи 32-юм дор дуруст кунем. Ман худам бо се шогирдам дорбозӣ мекунам. Боз сангбозию мусобиқаҳои полвонӣ, фокусҳо, ширинкориҳо, барномаи аҷоиб намоиш медиҳем.»

Зимнан, дорбозӣ як ҷузъи ҳунарнамоиҳои наврӯзӣ дар вилояти Суғд аст, ки солҳои ахир ба сабаби камбуди дорбозон аз равнақ афтодааст. Солҳои ахир дорбозонро ба Хуҷанд аз вилоятҳои ҳаммарзи Узбакистон даъват мекарданд.

Аз Шоҳрух пурсидам, оё аз истодан дар ватан ва таъсиси гурӯҳи сирк розӣ аст? Вай чунин гуфт: «Ман сад фоиз розӣ ва хурсанд. Ман мехостам, ки дар ватани худам кору
хидмат кунам, ин ниятам, худоро шукр, ки мана, амалӣ шуд. Аввалин барномаамонро дар лагери бачаҳо дар Деҳмойу чанд мактаб нишон додем, бисёр гарм қабул карданд, чандин кас маро ба шогирдӣ гиред, гуфтанд. Насиб бошад, оянда шогирдон тайёр мекунем.»

Дар тайи ду даҳсолаи ахир бори аввал ба гурӯҳе аз бачаҳои суғдӣ дар чанд мактаб муяссар шуд, ки сирки зиндаро дар тақдими гурӯҳи Шоҳрух Эрматов бубинанд. Дар ҳоле, ки бештари ҷавонони то 20 солаи тоҷик сирку ҳунарнамоии шеру палангу филҳои ромгаштаро танҳо аз телевизион дидаанд. Дар кӯчаву хиёбонҳои Хуҷанд ба пурсиши оё шумо боре дар сирк будед, аксари мусоҳибонам ҷавоби рад медоданд:

«Не .»

«Сирк худаш несту мебуд, нағз мешуд. Ба тамошо мерафтем …»

«Рӯзи 16- ум сиркбозон ба мактаби мо меомадаанд...»


Азим Аҳроров, раҳбари хонаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд мегӯяд, дар вилояти Суғд танҳо як оила, зану шавҳари ромкунандаи ҳайвоноти ваҳширо медонад: «Ҳабибулло Юсуфов ва ҳамсарашон миёнаҳои солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар Хуҷанд бо морҳои калон, ки худашон ром карда буданд, бозӣ мекарданд. Ғайр аз ин, онҳо як хирсу ду палангбача ҳам доштанд. Баъди вафоти раҳматӣ акаи Ҳабибиулло, дигар касе корашонро давом надод, замонаҳо ноором буд, намедонам бо ҳайвоноти ромккардаашон чӣ шуд.»

Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи вай, миёни мардум ширинкорҳову базлагӯйҳо ҳастанд, ки маъракаҳои мардумро бо ҳунарнамоии худ обод мекунанд, аммо ромкунандаҳои ҳайвоноту ҳунарварони сирк нестанд. Дар
ҳоле, ки дар гузаштаи на он қадар дур, мардоне бо хирсҳои ромкардаи худ деҳа ба деҳа мегаштанд ва пайи қадами онҳо ҳар куҷо мерасид, иде барои бачаҳову калонсолон барпо мешуд. Рӯзҳои мо ба ҷуз як марде, ки дар хиёбонҳои маркази Душанбе бо хирси дастомӯзи худ ҳозир мешаванд, то бо он кӯдакону ҷавонон ҳамроҳ акс бигиранд, дигар ромкунандае боқӣ намондааст.

Ҳакимҷон Аҳмадов, ширинкор ва чашмбанди шинохтаи мардумӣ дар Хуҷанд аз таъсиси нахустин гурӯҳи сирк хуш истиқбол кард. Вай гуфт, ин иқдоми саривақтист. Худи вай низ ба хотири аз фаромӯшӣ нигаҳ доштани ҳунарҳои қадимии ширинкориву базлагӯӣ солҳои ахир дар театри тамошобини наврас ба як гурӯҳи бачаҳои лаёқатманд ҳунар меомӯзад. Ва шогирдонаш назди тамошобинони наврас ҳунарнамоӣ мекунанд.

Аммо ба назари оқои Аҳмадов, таъсиси сирки ҳақиқӣ, бо толори нимдавраи замонавию ҳайвоноти ваҳшии ромшуда ва сиркбозони касбӣ, ин кори як касу ду кас нест, балки ба кӯшиши дастаҷамъии мутахассисон ба даст меояд.
XS
SM
MD
LG