Пайвандҳои дастрасӣ

Уламои мазҳабии афғон хостори муҷозоти амрикоиҳо шуданд


Эътирозҳо дар Афғонистон

Эътирозҳо дар Афғонистон

Аъзои Шӯрои олии мазҳабии Афғонистон талаб карданд, ки муҷримон дар сӯзонидани нусхаҳои Қуръон дар пойгоҳи ҳавоии Багром ба додгоҳ кашида шаванд. Изҳороти онҳо ахиран тавассути дафтари раёсатҷумҳурии Афғонистон пахш шуд.

Дар изҳорот гуфта шудааст, афроде, ки ба ин гуна аъмол даст задаанд, бояд ҳатман бар пояи қонун муҷозот шаванд ва фақат узрхоҳии онҳо кофӣ нест.

Сӯзонидани нусхаҳои Қуръон боиси эътирозҳои густурда дар Афғонситон шуд, ки бар асари онҳо тақрибан 40 сокини кишвар ба ҳалокат расиданд. Бар асари ҳамлаҳо ҳамчунин панҷ низомии НАТО кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG