Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Додгоҳи шаҳри Шёлковои вилояти Маскав дар бораи боздошти дубораи Низомхон Ҷӯраев, раиси пешини корхонаи кимиёи шаҳри Исфара, ҳукм содир кард.

Низомхон Ҷӯраев ҳанӯз моҳи августи соли 2010 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Маскав дастгир шуд ва якуним солро дар интизори баррасии парвандаи истирдодаш дар боздошт ба сар бурд. Ӯ бояд рӯзи 27 феврал озод мешуд, вале ҳамон рӯз алайҳаш иттиҳоми нав – талоши сӯъиқасд ба ҷони нафаре бо номи Мирбодулло Каримовро эълон карданд.

Ҷӯраев дар Тоҷикистон ба сирқати амвол ва чанд қатл айбдор мешавад. Худи ӯ ин иттиҳомотро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG