Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт медали наврасони тоҷик дар Остона


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-кёкушинкай миёни наврасон дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона 8 медал ба даст оварданд.

Ба иттилои Ҳикматулло Кароматов, раиси Федеросиюни каратэ-кёкушинкайи Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, 450 варзишгари ҷавон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Олмон, Русия, Тоҷикистон ва Туркманистон ширкат карданд. Ӯ афзуд, Тоҷикистонро 13 нафар намояндагӣ карданд.

Ду нафар – Ҷовид Икромов миёни бачаҳои 10-11-сола дар вазни 30 кг ва Сироҷиддин Ҷалилов байни 14-15-солаҳо дар вазни 40 кг бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Фарзод Нуруллоев дар вазни 40 кг медали нуқра гирифт. Варзишгарони дигари тоҷик – Искандар Ёқубов, Баҳром Бурҳонов, Муҳибулло Нуров, Гулаҳмад Раҳматшоев ва Уктам Давлатов бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
XS
SM
MD
LG