Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Салиби Сурх ба Бобо Амрӯ кӯмаки башарӣ фиристод


Намояндагони созмони байнулмилалии Салиби Сурх ба шаҳри Бобо Амрӯи Сурия 7 мошин бо кӯмаки башарӣ фиристоданд. Дирӯз артиши Сурия мухолифини мусаллаҳ аз Артиши озоди Сурияро аз ин шаҳр берун кард. Мақомоти Сурия барои ироаи кӯмаки башарӣ ба шаҳри Ҳумс ҳам иҷоза доданд.

Намояндаи Созмони байнулмилалии Салиби Сурх Ҳишом Ҳасан ба хабаргузории Рейтерз гуфт, ки "сокинони Бобо Амрӯ ба кӯмаки башарӣ сахт ниёз доранд – ба онҳо озмуқа, оби тоза намерасад ва аммо гап пеш аз ҳама дар бораи кӯчонидани беморони маҷрӯҳон меравад. Аз ин рӯ мо бояд ҳарчӣ зудтар вориди ин шаҳр шавем".

Аз аҳолии тақрибан 100 ҳазор нафарии Бобо Амр дар шаҳр ҳамагӣ чанд ҳазор нафар боқӣ мондаанд. Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи башар, низомиён ҷонибдорони мухолифинро, ки дар шаҳр боқӣ мондаанд, ҳадафи тир қарор медиҳанд.
XS
SM
MD
LG