Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе мубориза бо қочоқи инсонро баррасӣ карданд


Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ва Комиссиюни мубориза бо қочоқи инсони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нишасти минтақаӣ оид ба хариду фурӯши инсонро баргузор кард.

Дар нишаст намояндагони 27 созмони ғайриҳукумативу ҷамъиятии Осиёи Марказӣ, ки дар мавзӯъи мубориза бо қочоқи инсон фаъолият мекунанд, ширкат доштанд.

Аҳли нишаст сари мавзӯи “Қочоқи инсон ба хотири истисмори корӣ: мушкилоти муқаррар мардони афроди аз ин қочоқ осебдида ва роҳҳои шомили ҷомеа кардани онҳо” табодули афкор намуданд.

Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар робита ба миқёси қочоқи инсон дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, беш аз 90 дар сади қочоқи инсон бо истисмори корӣ марбут аст. 69 дар сади қурбониёни қочоқи инсон мардҳо мебошанд, ки ғуломвор кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG