Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қазоқистон тафтиши парвандаи бенизомиҳо дар шаҳри Жанаозен поён ёфт. Баурҷон Муҳаммадҷонов, волии вилояти Мангистау, ба хабарнигорон гуфт, ки парванда ба додгоҳ фиристода шудааст. Мурофиаи додгоҳӣ, ба гуфтаи ӯ, рушод сурат мегирад.

Аз ин пеш Додситонии кулли Қазоқистон хабар дода буд, ки 7 тан аз созмондиҳандагон ва 36 ширкаткунандаи фаъоли бенизомиҳо дар Жанаозен муқаррар карда шудаанд ва онҳо ба додгоҳ кашида мешаванд.

Моҳи декабри соли гузашта бар асари саркӯбсозии намоиши эътирозии кормандони ширкати нафт дар Жанаозен 16 нафар ба ҳалокат расида, беш аз сад каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG