Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё ва Чехия созиши нави молиявиро имзо накарданд


Ангела Меркел
Ангела Меркел
Дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел Бритониё ва Ҷумҳурии Чех аз имзои созиши ташдиди интизоми буҷавӣ сарпечӣ карданд. Аз ин санади таҳия кардаи Олмон, ки ҳадафаш – ҷилавгирӣ аз бӯҳронҳои қарзӣ дар оянда аст, 25 кишвари дигар пуштибонӣ намуданд.

Тибқи ин созиш, кишварҳои узв бояд меъёри касри буҷаро риоя кунанд, дар сурати аз меъёр боло рафтани касри буҷа кишвар муҷозот хоҳад шуд. Додгоҳи Аврупо барои назорати татбиқи созиш аз ваколатҳои иловагӣ бархурдор гардид.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, созиши таҷдиди интизоми буҷавиро яке аз муҳимтарин аснод дар таърихи Иттиҳодияи Аврупо номид.
XS
SM
MD
LG