Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хоманеӣ: Интихобот "торсакие" ба рӯи Ғарб хоҳад буд


Оятулло Алӣ Хоманеӣ, раҳбари олии Эрон, изҳор намуд, ки дар интихоботи парлумонӣ шумораи бузурги мардум ширкат хоҳанд кард ва ин, ба гуфтаи ӯ, “торсакие” ба рӯи Ғарб хоҳад буд.

Райъдиҳӣ дар интихоботи парлумонӣ субҳи рӯзи ҷумъа шурӯъ шуд. Барои 290 курсии Маҷлис тақрибан севу ним ҳазор довталабон мубориза мебаранд. Бештари мухолифини ҳукумат интихоботро таҳрим кардаанд.

Ҳадс зада мешавад, ки дар интихобот номзадҳои ҷонибдор аз оятулло Хоманеӣ пирӯз хоҳанд шуд. Онҳо аз раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод барои он интиқод мекунанд, ки тавони рушд додани иқтисоди Эронро надорад.
XS
SM
MD
LG