Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Эрон. Ислоҳталабон дар ҳошия


Рӯзи 2-юми март мардуми Эрон вакилони Маҷлиси нӯҳуми Шӯрои исломӣ – парлумони ин кишварро интихоб мекунанд.

Барои 290 курсии парлумон ҳудуди 3200 номзад вориди мубориза шудаанд, вале рақобат асосан байни ҷиноҳҳои усулгарост, ки як гурӯҳ ба раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ содиқанд ва гурӯҳи дигар аз раиси он ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод тарафдорӣ мекунанд.

Гурӯҳҳои ислоҳталаб, ки дар пайи интихоботи баҳсбарангези 3 сол пеши раёсатҷумҳурии Эрон ба ҳошия ронда шуданд, дар интихоботи 2-юми март тақрибан ширкат надоранд. Онҳо бо ишора ба интихоботи президентии соли 2009 мегӯянд, ки ин маърака низ озоду одилона доир нахоҳад шуд. Нигоҳи ислоҳталабон ба интихоботи навбатии раёсатҷумҳурист, ки соли оянда баргузор хоҳад шуд ва Маҳмуди Аҳмадинажод, ки то он дам ҳарду давраи мумкини раҳбариро тай хоҳад зад, аз ҳаққи ширкат дар ин корзор маҳрум мешавад.

Дар саҳнаи сиёсии Эрон аҳзоби сиёсии қоиму доим ба маънои суннатӣ ва роиҷ дар кишварҳои дигар вуҷуд надоранд. Мардуми аз нигоҳи сиёсӣ фаъол одатан дар остонаи интихоботҳо дар ҷиноҳу гурӯҳҳои мухталиф муттаҳид шуда, ба муҷарради анҷоми корзор парешон мешаванд, то бо наздик шудани маъракаи навбатии сиёсие дигарбора гирди ҳам биоянд.

Дар пешорӯи интихоботи парлумонӣ низ дар Эрон чанд ҷиноҳе чунин зуҳур кард, ки аксаран дар меҳвари ақидаҳои усулгароӣ ташкил шудаанд. Афроди содиқ ба оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҳайати Ҷабҳаи муттаҳиди усулгароён ба интихобот мераванд ва тарафдорони президент Аҳмадинажод -дар ҳайъати Ҷабҳаи пойдорӣ. Гурӯҳи севуми бозигар дар интихоботи 2-юми март ҷиноҳи Садои миллат аст, ки мунтақидони тунду ошкор ва оштинопазир бо Аҳмадинажодро гирд овардааст.

Раҳбари Эрон раъй медиҳад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00

Дар маҷмӯъ, барои ширкат дар интихоботи парлумони Эрон 5395 нафар номзад шуда буд, вале ҳудуди 2200 нафари онҳо аз ғалбери Шӯрои нигаҳбон нагузашт. Ин Шӯрои ғайримунтахаби иборат аз рӯҳониёни пурнуфуз, номзадҳо ба интихоботҳои Эронро аз нигоҳи садоқат ба Ислом ва пойбандии онҳо ба асли вилояти фақеҳ – пояи рӯҳонии низоми Ҷумҳурии исломӣ - таъйид ё радд мекунад.

Ба назари коршиносони умур, Шӯрои нигаҳбон бештар ба номзадҳои ислоҳталаб «мечаспад», ки талоши онҳо барои вуруд ба корзори интихоботиро аз қабл тақрибан беҳуда мегардонад.

Пиромуни вижагиҳои интихоботҳои Эрон ва интихоботи имрӯзаи парлумони он кишвар, Ниюшо Буғротӣ, шореҳи Радиои Фардо -бахши форсии Радиои Озодӣ мегӯяд:


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:59 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG