Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салиби сурх имрӯз ба Бобо Амрӯ меравад


Саҳнае аз Бобо Амрӯ
Саҳнае аз Бобо Амрӯ
Интизор меравад, Салиби сурхи байналмилалӣ имрӯз ба ироаи кумакҳо ба минтақаи ошӯбзадаи Бобо Амрӯ дар канори Ҳумс шурӯъ кунад. Давлати Башор Асад дар пайи “ақибнишинии тактикӣ”-и чирикиҳо аз Бобо Амрӯ ба Салиби сурх иҷозаи вуруд дод. Бо ин ҳол, Шӯрои Амнияти СММ изҳори “таассуфи амиқ” кард, ки Сурия то ҳол ба раҳбари барномаҳои башарии СММ Валерӣ Амос иҷозати сафар намедиҳад. Хабари дигар мегӯяд, ки Эдит Бовйе ва Вилям Дениэлс - ду хабарнигори дар Ҳумс бандмонда ба Лубнон расидаанд. Бовйе ҳафтае пеш аз тири нирӯҳои давлатии Сурия ҷароҳат бардошт. Дар он ҳамла ду хабарнигори ғарбӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG