Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насби камераҳо дар масҷидҳои Намангон


Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, мақомоти Узбакистон дар тақрибан 30 масҷиди шаҳри Намангон камераҳои амниятӣ насб кардаанд. Як масъули масҷиди бузургтарини Намангон бидуни бурдани ном ин хабарро ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард ва гуфт, камераҳоро ба далоили амниятӣ, аз ҷумла ба хотири ҷилавгирӣ аз сирқати либосу кафши намозгузорон насб кардаанд. Аммо бисёриҳо инро эҷоди мониаи дигар дар роҳи адои фароизи динӣ дар Узбакистон мешуморанд. Намангон дар водии Фарғона воқеъ буда, бо гароиши зиёди мардумаш ба дин фарқ мекунад.
XS
SM
MD
LG