Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди номзадӣ ба узвияти ИА ба Сербистон


ИА ба Сербистон расман мақоми номзадӣ пешниҳод кард. Сарони ИА дар Брюссел дар мавриди ироаи чунин мақом ба Белград тавофуқ карданд. Сербистон бояд ҳанӯз моҳи декабр номзад ба узвияти ИА мешуд, вале Олмон пеши роҳашро гирифт ва гуфт, Белград бояд ибтидо равобиташро бо Косово, ки соли 2008 эълони истиқлол аз Сербистон кард, хуб кунад. Хорватия- кишвари дигари Югославияи собиқ моҳи июли соли 2013 узви 28-уми ИА хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG