Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар пайи ба хотири пароканда кардани мӯътаризон даст ба истифодаи гази ашковар ва тирҳои резинӣ задани пулис, кӯчаҳои шаҳри Қуба дар шимолушарқи Озарбойҷон зоҳиран ором шудааст. Мақомот мегӯянд, дар хушунатҳои рӯзи 1 март дар Қуба 4 нафар, бо шумули 3 афсари пулис, ҷароҳат бардоштанд. Дар ҷараёни даргириҳо байни издиҳоми тазоҳургарон ва нирӯҳои пулис дастикам як хабарнигор низ захмӣ шудааст. САДО
Дирӯз ҳазорон нафар бо талаби истеъфои волии Қуба Рауф Ҳабибов ба кӯчаҳо рехтанд. Онҳо шишаҳои идороти давлатиро шикаста, манзилеро, ки бовар меравад, ба Ҳабибов тааллуқ дорад, оташ заданд. Ҳанӯз эълон нашудааст, ки оё талабҳои тазоҳургарон пазируфта шуд ё хайр. Вале мақомот мегӯянд, назорати вазъро ба даст овардаанд ва кӯчаву ҷодаҳои Қубаро нирӯҳои амниятӣ ва мошинҳои зиреҳпӯш дидбонӣ мекунанд. Ба гуфтаи мақомот, таҳқиқи қазия низ оғоз шудааст.
Иллати ошӯб як сӯҳбати дар Youtube нашршудаи шаҳрдор Рауф Ҳабибов шуд, ки аҳли Қубаро “хоинон” ном мебарад: “Қуба макони хеле бой аст. Ҳар кас мехоҳад дар инҷо ҷо бигирад. Мардум замини худро ба 30 ё 40 манат мефурӯшад. Қубаро мардуми беномусаш фурӯхтанд. Мардуми Қуба кишвари худрову замини худро ва хонаводаи худро фурӯхтанд.”
Ҳабибов дирӯз бо тазоҳургарон мулоқот кард ва узр хост, вале талаби истеъфо аз мақомро радд кард. Яке аз тазоҳургарон гуфт, Ҳабибов мардуми маҳаллиро сахт ранҷонд: “Ӯ мардуми Қубаро таҳқир кард. Моро ба хиёнат айбдор кард. Мардуми Қуба ҳамеша тарафдори давлат буд.”
Ҷамъияти Қуба 160 000 нафар буда, эътирози ахир бузургтарин эътироз дар хориҷ аз Боку тайи 9 соли раёсати президент Илҳом Алиев аст, ки соли 2003 ҷойгузини падараш Ҳайдар Алиев дар мақоми раҳбарии Озарбойҷон шуд.
Падару писар ҳарду, қарори маълум, ҳамеша бо суботе фахр мекарданд, ки гӯё ҳукмронии онҳо ба ин кишвари саршор аз манобеъи нафту гази Қафқоз овардааст.
XS
SM
MD
LG